Дастурҳои тозакунӣ
Шарҳ: Барои кӯдакони то 8-сола тавсия дода
мешавад, ки падару модар ё парастори калонсол
дандонҳои кӯдакро шӯяд.
1 Лифи чӯткаро тар кунед ва ба он миқдори ками
хамираи дандоншӯиро молед.
2 Лифҳои чӯткаро ба дандонҳо дар кунҷи хурд (45
дараҷа) ҷойгир кунед. Фишори ҷиддиро ба кор
баред, то ки лифҳо ба хати милкҳо ё каме зери
хати милкҳо расанд.
Тавзеҳ: Ҳамеша маркази чӯткаро бо дандонҳо дар
тамос нигоҳ доред.
3 Барои фаъол кардани «Philips Sonicare» тугмаи
фаъол/хомӯшро пахш кунед.
4 Лифҳои чӯткаро болои дандонҳо ва дар хати
милки дандонҳо ба таври дуруст ҷойгир кунед.
Дандонҳои худро бо ҳаракатҳои хурди пасу пеш
тоза кунед, то ки лифҳои чӯтка байни дандонҳо
гузарад. Ин ҳаракатро дар тамоми давраи
дандоншӯии худ идома диҳед.
Шарҳ: Мӯйякҳои чӯтка бояд каме васеъ шаванд.
Тавсия дода намешавад, ки шумо дандонҳоро
мисли бо чӯткаи дандоншӯии дастӣ тоза кунед.
5 Барои тоза кардани сатҳҳои дарунии дандонҳои
пеш, дастаки чӯткаро нимамудӣ хам кунед ва дар
ҳар як дандон чанд зарбаи амудии якхеларо
анҷом диҳед.
523
Тоҷикӣ